LIVE

Суханони Рустам Ятимов пеш аз бозӣ зидди Филиппин

Дар остонаи бозии даври дуюми мврҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бо тими миллии Филиппин, дарвозабони 🧤 мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов аз интизориҳои худ ва омодагии даста ҳарф зад.
Рустам ЯТИМОВ, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон:
– Мо ба бозии дар пешистода тайёрии ҷиддӣ дида истодаем. Мефаҳмем, ки дар меҳмонӣ натиҷаи мусбӣ ба даст овардан то чӣ андоза муҳим аст. Дастаи мо ба бозӣ бо Филиппин марҳила ба марҳила ҳафтаҳо омодагӣ дид. Бозигарон солиманд ва барои рақобат омодаанд. Мо то дақиқаи охирин, то садои ҳуштаки ниҳоӣ дар майдон мубориза мебарем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив