Роҳбарияти бошгоҳи “Интер”-и Милан бо сармураббии “Комо” Франсеско Фабрегас гуфтушунид анҷом дод. Дар ин бора нашрияи итолиёвии Corriere dello Sport хабар додааст.
Бино ба навиштаи нашрия мутахассиси испанӣ довталаби аслии курсии сармураббии бошгоҳ аст, ин ҳам ба шарте хоҳад буд, ки Симоне Индзаги дастаро тарк намояд.
Қаблан маълум шуд, ки роҳбарияти тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ба Индзаги пешниҳоди ҷор кор карда буд. ҳарчанд шартномаи Индзаги бо «Интер»-и Милан то охири моҳи июни соли 2026 мӯҳлат дорад, мутахассиси итолиёвӣ дар ин масъала розигии шифоҳӣ дод.
Ёдовар мешавем, ки Комо мавсимро дар зинаи 10-уми ҷадвали Серияи А ба анҷом расонид.
