LIVE

Тен Хаг аз тамриндиҳии “Аякс” даст кашид - ESPN

Собиқ сармураббии "Манчестер Юнайтед" Эрик тен Хаг ба  "Аякс" банамегардад. Дар ин бора хабарнигори ESPN Кристиан Виллаерт хабар дод.
Франческо Фариоли вазифаи сармураббии бошгоҳи шаҳри Амстердамро тарк кард ва даста ба ҷои ӯ сармураббӣ ҷустуҷӯ дорад. Қаблан директори техникии бошгоҳи Амстердам Алекс Круз бидуни мушаххас кардани натиҷаи ин сӯҳбат бо собиқ сармураббии даста оиди сурат гирифтани музокираро тасдиқ карда буд. Ба гуфтаи манбаъ Тен Хаг ин пешниҳодро рад кардааст.
"Аякс" инчунин имконоти алтернативиро баррасӣ мекунад: Пол Симонис аз “Гоу эзед Иглс” ва Майкл Рейзигер аз тими Нидерланд  U21.
Бошгоҳи шаҳри Амстердам мавсими ҷорӣ дар пойгаи қаҳрамонӣ аз ҷониби “ПСВ” дучори нокомӣ гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив