LIVE

Тоҷикистон – мизбони бозиҳои интихобии ҶО-2026 миёни бонувон (U-20)

Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни бонувони то 20-соларо тасдиқ кард.
Бозиҳои даври интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Чин, Малайзия, Ӯзбекистон, Ветнам, Мянмар, Лаос ва Бутан баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 34 даста ширкат мекунад. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: ду гурӯҳ аз панҷ дастаӣ ва шаш гурӯҳ аз чаҳор дастаӣ иборат хоҳанд буд. Ғолибони гурӯҳ ва се дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат мегиранд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 2 то 10 августи соли ҷорӣ доир мешавад. Рақибони дастаи занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳ 28 апрел муайян мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив