LIVE

Роналду аз Месси пеш гузашт

Ҳамлавари португалии «Ювентус» Криштиану Роналду дар соли гузашта, бо ба даст овардани фоида аз пахши рекламаҳо дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» аз ҳама пешгом гашт. Нашрияи La Gazzetta dello Sport бо такя бар таҳқиқоти Buzz Bingo хабар медиҳад, ки футболбози португалӣ дар 12 моҳи соли 2018-ум, 49 сабти рекламавиро бо нархи 900 000 евро барои ҳар як навор, дар умум 44,1 миллион евроро ташкил дод. Рақиби ҳамешагии ӯ, футболбози аргентинии бошгоҳи “Барселона” Лионел Месси дар рейтинги мазкур ҷойи дуюмро ишғол намуда аст. Ӯ 36 сабти рекламавиро бо нархи 590 000 евро барои ҳар навор дар “Инстаграм” нашр намуд, ки 21,2 миллион евроро ташкил дод. Аз футболбозон дар ин рӯйхат, собиқ бозингари “Манчестер Юнайтед” Дэвид Бекхэм бо нашри наворҳои рекламавӣ дар ҳаҷми наздики 10 миллион евро дар ҷойи чорум буда, ҳамлавари “ПСЖ” Неймар бо наздики 6,5 миллион евро аз нашри реклама дар як сол, дар ҷойи шашум қарор доранд.
Таҳияи Раҳимов Орзу

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив