Ҳамлагари 36-солаи россиягӣ Артём Дзюба аз рӯи шумораи голҳо дар тими миллии Россия рекорд гузошт. Ҳамлагар голи 31-уми худро бо тими мунтахаб дар бозии дӯстона бо Гренада ба самар расонид.
Бозиҳои дӯстона (тимҳои миллӣ) - 2025. Вохӯриҳои рафиқона
19 марти соли 2025, чоршанбе. 22:00 бо вақти Душанбе
Россия 5:0 Гренада
1:0 Прутсев – 16’ 2:0 Адамов – 42’ 3:0 Дзюба – 43’ 4:0 Фомин – 53’ 5:0 Бакаев
Рекорди қаблӣ ба Александр Кержаков тааллуқ дошт. Ҳамлагари собиқи «Зенит» дар ҳайати мунтахаби Россия 30 гол дорад.
Дастаҳо дар Аренаи ВТБ — варзишгоҳи марказии «Динамо»-и ба Лев Яшини шаҳри Москва бозӣ намуданд. Бозиро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон таҳти раҳбарии Илгиз Танташев идора карданд.