LIVE

Ҳафт пирӯзии паиҳами мунтахаби футболи Россия бо ҳисоби 39:0

Дастаи мунтахаби футболи Россия ба таври дилпурона Гренадаро мағлуб кард (5:0) ва силсилаи ғалабаи таъсирбахши худро ба 7 адад расонид. Ҳисоби умумӣ дар ин силсилавохӯриҳои пирӯзиовар 39:0 ба фоидаи русҳо мебошад.
Бозиҳои дӯстона (тимҳои миллӣ) - 2025. Вохӯрихои рафиқона
19 марти соли 2025, чоршанбе. 22:00 бо вақти Душанбе
Россия 5:0 Гренада
1:0 Прутсев – 16’     2:0 Адамов – 42’     3:0 Дзюба – 43’     4:0 Фомин – 53’     5:0 Бакаев  
Шогирдони Валерий Карпин гайр аз Гренада бар дастаҳои мунтахаби Куба (8:0), Сербия (4:0), Белоруссия (4:0), Ветнам (3:0), Бруней (11:0) ва Сурия (4:0) ғалаба карданд.
Дар бозии навбатй, ки низ дар варзишгоҳи хонагии «Динамо»-и Москва барпо мегардад, мунтахаби Россия бо  Замбия вомехӯрад. Бозӣ рӯзи 25-уми март баргузор мешавад. Пас аз ин, таваққуфи байналмилалӣ ба итмом мерасад ва бозиҳои Премер-лигаи Россия дар охири моҳи аввали баҳор  баргузор мешаванд.
Дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки танаффуси навбатии байналхалқӣ  тобистон дар назар аст. Мунтахаби Россия бо тимҳои Нигерия ва Беларуссия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив