Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, рӯзи 20-уми март тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии дӯстонаи худро дар соли ҷорӣ баргузор мекунад.
Рақиби тими мо мунтахаби Беларус хоҳад буд, ки дар зинаи 107-уми раддабандии ФИФА қарор дорад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.
Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ даъват мекунем. Биёед якҷо дастаи Тоҷикистонро дастгирӣ кунем!