LIVE

Фарҳод Мирзоев дигарбора раиси Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуд

Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷараёни конференсия Фарҳод Мирзоев, директори генералии ширкати «Газпром нефт – Тоҷикистон» бори дигар раиси Федератсияи футболи Душанбе барои чаҳор соли нав интихоб шуд.
Исо Бафоев муовини якуми раиси Федератсияи футболи Душанбе ва Ҷаъфар Ахмедов муовини раис интихоб гардиданд. Ба ғайр аз ин, ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи федератсияи мазкур 7 нафар шомил шуд.
Дар ҷамъомад котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ширкат дошт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив