LIVE

Гарет Бэйл дар 33 солагиаш тарки футбол кард

5 карат қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо, 3 дафъа чемпиони  Испания, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Испания, дорандаи 3 Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳон миёни бошгоҳҳо яке аз ситораҳои тими милии Уэлс ва “Реал Мадрид” - Гарет Бэйл фаъолияти футболбозишаро ба анҷом расонид. 
Дар ин бора худи Бэйл дар саҳифаҳои иҷтимоии хеш хабар дод.  “Пас аз як қарори бодиққат ва бомулоҳиза, ман эълон мекунам, ки аз футбол меравам”, навиштааст, Гарет Бэйл. Ин мушткилтарин қарори ман дар ҳаётам мебошад, гуфтааст ҳамлагар. 

Охирон дастаи футболбоз ин тими “Лос Анҷелес”-и Амрико буд, ки ӯ соли гузашата ба МЛС гузариш намуд. 
Гарет Бэйл гаронарзиштарин футболбоз дар таърихи бошгоҳи “Реал Мадрид” гардид, ки ӯро соли 2013 аз тими “Тоттенхэм” бо арзиши 100 млн евро харидорӣ намуда буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив