LIVE

“Брентфорд” бо ҳамлавараш Дамсгаард шартномаро тамдид кард

Бошгоҳи англисии “Брентфорд” дар вебсайти расмии худ эълон кард, ки онҳо бо ҳамлагари даниявии хеш Миккел Дамсгаард шартномаро тамдид кард.
"Миккел Дамсгаард ояндаи худро ба “Брентфорд” пайванд кардааст. Ҳамлавар бо дастааш шартномаи нави мӯҳлаташ то соли 2030 имзо кард. Бошгоҳ имкон дорад, ки шартномаи ӯро боз барои як соли дигар тамдид кунад” - омадааст дар изҳороти расмии бошгоҳи “Брентфорд”.
Мавсими ҷорӣ дар Миккел Дамсгаарди 24-сола Премер-Лигаи Англия 22 бозӣ анҷом дода, ду гол ва 7 партофти головар дар номаш дорад. 
“Брентфорд” дар дар зинаи 11-ум ҷадвали чемпионати Англия қарор дошта, аз 22 бозй 28 хол гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив