LIVE

Мунтахаби Португалия пироҳанҳои навро аз бренди Puma муаррифӣ кард

Мунтахаби Португалия дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) ду маҷмӯи либосҳои навро муаррифӣ кард. Сарпарасти техникии даста ширкати машҳури олмонии Puma мебошад. Пироҳани асосӣ сурх аст,   маҷмӯаи дуюм дорои рахҳои сафед мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли беш аз 20 сол сару либоси ин тими миллиро ширкати Nike омода мекард.
Тими миллии Португалия соли 2024-ро дар раддабандии ФИФА дар ҷои шашум ба анҷом расонд. Тими мунтахаби ин кишвар ҳамчунин ба даври чорякфиналии Лигаи Миллатҳои УЕФА роҳ ёфт ва дар он бо Дания бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои даври плей-оффи Лигаи Миллатҳо 20 ва 23 марти соли 2025 баргузор мешаванд. Бозиҳои ниманиҳоии мусобиқот рӯзҳои 4 ва 5 июн ва бозӣ барои ҷои сеюм ва ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 8 июн баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив