Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (КАФА) бо роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ соли дуюм пайиҳам беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавии сол дар Осиё эътироф гардид.
Рӯзи 29-уми октябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ шаҳри Сеул маросими тантанавии ҷамъбасти соли Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид.
CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё аст, ки зуд эътироф шудааст.
Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) федератсияҳои футболи шаш кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Қароргоҳи CAFA дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.