Рӯзи панҷшанбе, 26-уми сентябр дар доираи даври 7-уми Ла Лигаи Испания дар мавсими 2024/2025 се бозӣ баргузор шуданд. Натиҷаи вохӯриҳоеро, ки дар ин рӯз доир шуданд, ба диққати Шумо пешкаш менамоем.
Натиҷаи бозиҳои Чемпионати Испания дар рӯзи 25-уми сентябр:
“Лас-Палмас” – “Бетис” – 1:1;
“Эспанйол” – “Вилярреал” – 1:2;
“Селта” – “Атлетико Мадрид” – 0:1.
Дар ҷадвали Чемпионати феълии Испания дастаи “Барселона” , ки дар ҳафт бозӣ 21 имтиёз ба даст овардааст, пешсаф мебошад. «Реал Мадрид» бо 17 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дошта, “Атлетико Мадрид” бо 15 имтиёз дар ҷои севум аст.