Имрӯз, 19 июл дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов анҷом медиҳад.
Рақиби дастаи мо мунтахаби Ӯзбекистон мебошад. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд баргузор шуда, соати 19:30 оғоз мешавад.
