LIVE

Натиҷаи бозиҳои охирини даври чорякниҳоии Евро-2024

Рӯзи 5-уми июл дар Чемпионати Аврупо-2024 ду бозии даври 1/4 ниҳоии Евро-2024 баргузор шуданд. Мунтахаби Испания бо мизбони ин мусобиқа – Олмон ва тими миллии Фаронса – бо Португалия вохӯрданд.
Натоиҷи бозиҳои 1/4 ниҳоии Евро-2024 дар рӯзи 5-уми июл:
Испания - Олмон 2:1 (экстратайм);
Фаронса - Португалия 0:0 (аз рӯи силсилазарбаҳои пеналтӣ 5:3).
ЕВРО-2024. 1/4 финалӣ
Испания 2: 1 экстратайм Олмон
1:0 Олмо – 51'     1:1 Виртс – 89’     2:1 Мерино – 119
Корти сурх: Карвахал – 120+5'  
ЕВРО-2024. 1/4 финалӣ
Португалия 0:0 (3:5) Фаронса
Ҳамин тариқ, дар даври ниманиҳоии Евро-2024 тими миллии Фаронса рӯзи 9-уми июл бо тими миллии Испания вомехӯрад.  
Ҳамзамон рӯзи 6 июл дар Чемпионати Аврупо-2024 ду бозии охирини даври 1/4 ниҳоии Евро-2024 баргузор гардид. Дастаи Англия бо Швейтсария ва тими миллии Нидерланд бо Туркия рӯбарӯ шуданд.
Натоиҷи бозиҳои 1/4 ниҳоии Евро-2024 дар рӯзи 6-уми июл:
Англия – Швейтсария – 1:1 (5:3 пеналтӣ);
Нидерланд – Туркия – 2:1.
Баъди анҷоми ин бозиҳо ҳардӯи  ҷуфти нимфиналҳо маълуманд. Нидерланд бо тими миллии Англия ва Испания бо Фаронса бозӣ мекунанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ мутаносибан рӯзҳои  9 ва 10 июл баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив