LIVE

Мбаппе бо президенти «ПСЖ» даст ба гиребон шуд

Ҳамлавари «ПСЖ» Килиан Мбаппе бо президенти бошгоҳи хеш Носир ал-Хелаифи ҷанҷол барпо кард. Дар ин бора Le Parisien хабар медиҳад. 
Дар бозии даври 33-юми чемпионати Фаронса «ПСЖ» «Тулуза»-ро қабул кард. Ин бозӣ барои  Мбаппе дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» бо пироҳани парижӣ охирин буд. Пеш аз бозӣ Ал-Хелаифи бо Мбаппе вохӯрд ва аз Мбаппе пурсон шуд, ки чаро касдан номашро дар видеои хайрбодӣ нагирифтааст. Баъди ин ҷанг сар зад  ва  «садои овозҳо низ ба гӯш мерасиданд».
Пештар дар ВАО хабаре баромад, ки миёни гӯё Мбаппе ва ал-Хелаифи муноқиша сар задааст. Вобаста ба ин қазия  Килиан аз номи молики даста дар видеои хайрбодӣ ёдоварӣ накард. 
Баъдан бошгоҳ хабар оиди ҷангро рад намуд.   Хавотиркунанда аст, ки имрӯз хабарҳои бардурӯғ зиёд паҳн шуданд. Ҳеҷ даъвое набудааст. Президент ва Килиан пайваста пеш аз бозиҳо вомехӯранд, то ки  раванди рафтани бозигарро дар охири мавсим баррасӣ кунанд. Ҳамаи вохӯриҳо, аз зумраи дидори дирӯза пеш аз бозӣ пурсамар ва бо вуҷуди эҳтироми тарафайн доир мешуданд».
Мбаппе сафи «ПСЖ»-ро дар равзанаи тобистонаи трансферӣ бо анҷоми мӯҳлати шартнома тарк мекунад ва дар ин бора футболбоз худ расман эълон карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив