LIVE

Падари Ҳабиб Нурмагомедов мухлиси кадом даста будааст?

Размкори санъати муҳорибаҳои омехта  Ҳабиб Нурмагомедов аз оне қисса кард, ки падари ӯ Абдулманап бошгоҳи футболи «Спартак»-ро тарафдорӣ мекард.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 12-уми ноябр «Спартак»-и Москва пироҳан бо рақами 29-0-ро ба собиқ қаҳрамони ношикасти  ширкати размии UFC Ҳабиб Нурмагомедов тӯҳфа карда буд.
«Падарам мухлиси ашаддии «Спартак» буд », – навиштааст Нурмагомедов дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Нурмагомедов ба дастгирии сиёҳу сафедҳо дар бозии даври 15-уми МИР Премер-Лигаи Россия муқобили «Ростов» (2:1) омада буд. Баъди бозӣ «Спартак» ба размкор пироҳан бо рақами 29-0 тақдим кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив