LIVE

Сардори Ла Лига: Рафтани Бускетс оғози бозгашти Месси аст

Президенти Ла Лигаи Испания Хавйер Тебас дар бораи эҳтимоли бозгашти ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси ба “Барселона” изҳори назар кард.

«Рафтани Бускетс оғози роҳ ба сӯи бозгашти Месси аст... Аммо барои расидан ба ин ҳадаф, онҳо ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд анҷом диҳанд.  Ман қудрати иҷозаи ин корро дода наметавонам, чунки ин кор аз назорати молиявии онҳо вобастааст», — ииқрор шудааст Тебас.

Қаблан ноиби президенти «Барселона» гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир даъвати Месси ба нақшаҳои клуб ворид нашудааст.

Инчунин хабар дода шуд, ки аргентинӣ метавонад ба чемпионати Арабистони Саудӣ равад ва дар он ҷо ба ӯ шартномаи рекордӣ пешниҳод кардаанд.

Месси аз соли 2021 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. Шартномаи ӯ то охири мавсими ҷорӣ эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив