LIVE

Охирин шонси "Челси" барои наҷоти мавсим

"Челси" дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар Лондон "Боруссия Дортмунд"-ро қабул мекунад.

Лондониҳо дар бозии аввал дар Дортмунд бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд. Моҳҳои охир “Челси” дучори мушкилиҳои зиёд аст. Аммо баъд аз интизориҳо шогирдони Грэм Поттер дар чемпионати Англия бар дастаи «Лидс» ғалаба карданд.

Ин ғалаба барои "Челси" дар тӯли ду моҳи охир, сар аз 15-уми январ аввалин ғалаба маҳсуб мешавад. Ба фарқ аз лондониҳо дар «Боруссия» фазъият тамоман баръакс аст.
Пас аз Ҷоми Ҷаҳон, шогирдони Эдин Терзич дар ҳамаи 10 бозии охир, пирӯз шуданд ва ҳоло дар ҷадвали Бундеслига аз “Бавария” пеш гузашта дар зинаи аввал қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив