LIVE

Месут Озил дар синни 34-солагӣ тарки футбол кард

Собиқ нимҳимоятгари дастаҳои «Реал Мадрид», «Арсенал» ва тими миллии Олмон Месут Озил тасмим гирифт, ки фаъолияти касбии худро ҳамчун футболбоз хотима диҳад.
Дирӯз, 2-юми феврал, Озили 34-сола дар ҳайати дастаи "Истамбул Башакшеҳир" вориди майдон шуд, аммо натавонист худро нишон диҳад ва иваз карда шуд. Баъди бозӣ футболбозро мухлисон танқид карданд.
Ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз Месут ба тамрини даста наомадааст ва ба шариконаш гуфта буд, ки тасмими тарки футбол кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Озил 14 июли соли 2022 ба "Истамбул Башакшехир" гузашт. Қаблан ӯ бозигари «Фенербахче» буд, ки дар мавсими 2021/2022 дар 26 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, 9 гол ва ду ассист кардааст.

Инчунин дар давоми фаъолияти худ нимҳимоятгар тавонистааст дар дастаҳои «Шалке-04», «Арсенал»-и Лондон, «Реал Мадрид» ва дигар клубҳо бозӣ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив