LIVE

Шервонӣ Мабатшоев ба мунтахаби футболи кишвар пирӯзӣ овард

Дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» баргузор шуд. Мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт пас аз ғалабаи калон муқобили тими Мянмар (4:0) дар даври дуюм бо яккачини Сингапур майдондорӣ намуда ба пирӯзӣ даст ёфт. Ягона голи вохӯриро дар қисми дуюми бозӣ, дар дақиқаи 53-юми дидор Шервони Мабатшоев ба самар расонид. Партофти головар ба номи Муҳаммадҷон Раҳимов навишта шуд. Шервон дар ду бозии наухстини худ дар тими миллӣ муаллифи 3 гол гардид.
Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» шумораи имтиёзҳояшро ба 6 адад расонид ва рӯзи 14-уми июн дар бозии охири гурӯҳӣ муқобили мунтахаби Қирғизистон рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив