LIVE

УЕФА беҳтарин бозигарони ҳафтаи Лигаи Аврупоро эълон кард

6 май бозиҳои ҷавобии марҳилаи 1/2 ниҳоии Лигаи  Аврупо баргузор шуданд. «Арсенал» ва «Виллярреал»  мусовӣ карданд (0: 0), «Рома» бар «Манчестер Юнайтед»   ғалаба кард (3: 2).
УЕФА чаҳор футболбозро ба рӯйхати беҳтарин бозигари ҳафта муаррифӣ кард. Ба ин рӯйхат ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Эдинсон Кавани, ҳимоятгари "Виллярреал" Раул Албиол, нимҳимоятгари "Рома" Брайан Кристанте ва ҳимоятгари "Арсенал" Пабло Мари шомиланд. Шумо метавонед дар сомонаи  расмии УЕФА ба тарафдории беҳтарин бозигари марҳилаи ҷавобии ниманиҳоии Лигаи Аврупо овоз диҳед. Бозии ниҳоии Лигаи Аврупо рӯзи 26 май дар Гдански Полша баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив