LIVE

Ҳангомаҳо атрофи маоши президенти УЕФА

Маоши президенти УЕФА Александр Чеферин баъди ҷамъбасти мавсими футболи 2019/20 2,42 миллион франки швейтсариро ташкил дод, ки баробар ба 2,19 миллион евро мебошад. Хабаргузории “Vozpópuli” хабар медиҳад, ки новобаста ба пандемияи КОВИД-19 ба роҳбари ин созмони бонуфузи футболи аврупоӣ, 450 ҳазор евро зиёдтар аз мавсими қаблӣ маош пардохт гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки музди меҳнати Чеферин баъди ба ин мақом расиданаш ҳамасола зиёд гардида, аз вақти таъин шуданаш ба ин мақом (соли 2016) соле нест, ки зиёд нагардида бошад. Дар панҷ соли роҳбарии худ, ҳуқуқшиноси словенӣ 7,46 миллион франки швейтсарӣ баробар ба 6,76 миллион евро даромад намудааст.

            Хабаргузории “Vozpópuli” қайд менамояд. ки ҳолати молиявии УЕФА ба 31 – июни соли 2020 хуб ҷамъбаст нашуда, бинобар сабаби пандемия даромади ин созмон 21% коҳиш ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив