Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» семинари дурӯзаи ФИФА оид ба рушди футболи ҳаваскорон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ин семинар бо ташаббуси ФИФА ва Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардида, ба баррасии дурнамо ва роҳҳои рушди футболи ҳаваскорон дар кишвар бахшида шуд.
Дар кори семинар намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, лигаҳои гуногуни футбол, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бошгоҳҳо, инчунин мураббиёне, ки дар лоиҳаҳои оммавӣ ва иҷтимоии футбол фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.
Ба ҳайси коршиносони семинар дастурдиҳандаи ФИФА – Раймондас Статкявичюс (Литва) ва Гайоз Дарсадзе (Гурҷистон) баромад карданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳлили ҳамаҷонибаи низоми мавҷудаи футболи ҳаваскорон дар Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи ҳамоиш барои иштирокчиён машғулиятҳои интерактивии гурӯҳӣ ташкил шуда, инчунин мубодилаи афкор оид ба мавзӯъҳои мубрами соҳа ва баррасии роҳҳои амалии рушди футболи ҳаваскорон ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти варзишӣ доир шуд.
Дар анҷоми семинар ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков ба коршиносони ФИФА барои ҳамкории самаранок, мубодилаи таҷрибаи судманд ва тавсияҳои арзишманд ҷиҳати рушди минбаъдаи футболи оммавӣ ва ҳаваскор дар Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
