LIVE

ФФТ ба Горан Стеванович изҳори миннатдорӣ баён кард

Мураббии сербӣ Горан Стеванович бинобар ба анҷом расидани муҳлати шартнома вазифаи сармураббии дастаи миллии Тоҷикистонро тарк кард.
Таҳти роҳбарии ӯ тими миллӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 натиҷаи назаррас нишон дод – дар чор бозӣ се пирӯзӣ ва як мусовӣ ба қайд гирифта, роҳхати қисми ниҳоиро соҳиб шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Горан Стеванович барои саҳм дар рушди дастаи миллӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи мураббигӣ барору комёбиҳо орзу мекунад.
Дар мавриди таъйини сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон маълумот дертар нашр мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив