LIVE

Қуръакашии даври ниманиҳоии Ҷоми Англия баргузор шуд

Натиҷаи қуръакашии даври ниманиҳоии Ҷоми Англияи мавсими 2025/26 доир шуд. Ин хабар дар сомонаи расмии Ассотсиатсияи футболи Англия эълон шудааст.
Қуръакашии даври ниманиҳоии Ҷоми Англия 2025/26:
“Челси” – “Лидс Юнайтед”;
“Манчестер Сити” – “Саутгемптон”.
Бозиҳо дар ин марҳилаи мусобиқа рӯзҳои 25-ум ва 26-уми апрел баргузор мешаванд.
Дар даври чорякфиналӣ бошгоҳи “Манчестер Сити” тими “Ливерпул”-ро бо ҳисоби 4:0, “Челси” бар “Порт Вейл” бо ҳисоби 7:0, “Саутгемптон” зидди “Арсенал” бо ҳисоби 2:1 ва “Лидс Юнайтед” муқобили “Вест Хэм Юнайтед” бо ҳисоби 2:2 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) шикаст дод.
“Арсенал” бештарин маротиба дар ин мусобиқа пирӯзӣ ба даст овардааст. Шумораи ҷоизаи "тӯпчиён" 14 адад дар Ҷоми Англия ташкил медиҳад. “Манчестер Юнайтед” бо 13 ҷоиза дар ҷои дуюм, дар ҳоле ки “Ливерпул”, “Тоттенҳэм Хотспур” ва “Челси” бо ҳашт ҷоизавӣ дар ҷои сеюм мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив