Бозии охирини даври чорякфинали Ҷоми Лигаи Англия дар мавсими 2025/2026 рӯзи сешанбе, 23-юми декабр ба анҷом расид. “Арсенал”, ки чун охирин дастаи шаҳри Лондон ба марҳилаи нимфиналӣ расид, “Кристал Пэлас”-ро вақти силсилазарбаҳои пеналти шикаст дод.
Англия — Ҷоми Лига. Чорякниҳоӣ
Чоршанбе, 24 декабри соли 2025. 01:00 ДШБ
“Арсенал” (Лондон) 1:1 (8:7) “Кристал Пэлас” (Лондон)
1:0 Лакруа – 80' 1:1 Гехи – 90+5'
Ҳамин тариқ, Арсенал ба се дастае, ки аллакай дар нимфинали мусобиқа ҷой гирифтаанд, ҳамроҳ мешавад: “Челси”, “Нюкасл” ва “Манчестер Сити”.
Тибқи натиҷаи қуръакашии мусобиқа, ки рӯзи панҷшанбе, 18-уми декабр баргузор шуд, “Арсенал” дар нимфинал бо “Челси” рӯбарӯ хоҳад шуд, дар ҳоле ки “Нюкасл” бо “Манчестер Сити” бозӣ мекунад.
