Лигаи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 15 ноябри соли 2025 нахустин марҳилаи барномаи литсензиякунонии клубҳои футбол (AFC CLAS) дар доираи Чемпионати Тоҷикистон (Лигаи олӣ) расман оғоз меёбад.
Ин барнома то 10 феврали соли 2026 идома меёбад ва дар ин муддат ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ ва роҳхатёфта ба Лигаи олӣ уҳдадоранд, ки талаботҳои муқарраршударо пурра иҷро намоянд.
Барномаи мазкур бо роҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сиёсати литсензиякунонии Лигаи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) амалӣ мегардад. Ҳадафи асосӣ — гузаштан ба раванди рақамии ва муосири литсензиякунонӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, беҳтар кардани коргузории клубҳо ва таъмини шаффофият дар тамоми марҳилаҳои иҷозатномадиҳӣ мебошад.
Барномаи AFC CLAS аз панҷ меъёри асосӣ иборат аст:
1. Меъёри варзишӣ – фаъолияти варзишӣ, системаи мураббиён, рушди ҷавонон ва равандҳои машқгузаронӣ.
2. Меъёри инфрасохторӣ – мутобиқатии варзишгоҳҳо ва инфрасохтори клуб ба талаботи муосир.
3. Меъёри кадриву маъмурӣ – сохтори дохилии клуб, мутахассисони соҳавӣ ва идоракунии касбӣ.
4. Меъёри ҳуқуқӣ – ҳуҷҷатгузорӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва қонунмандии фаъолияти клуб.
5. Меъёри молиявӣ – шаффофият, баҳисобгирии муҳосибӣ ва рушди устувори молиявии дастаҳо.
Ин иқдом ба таҳкими сохтори клубҳо, баланд бардоштани сатҳи футболи миллӣ ва мутобиқсозии тадриҷии он ба стандартҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) нигаронида шудааст.
