Шумораи дастаҳои миллӣ, ки ҳаққи иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ро ба даст овардаанд, рӯ ба афзоиш аст. То имрӯз 28 мунтахаб аз 48 тими миллӣ роҳхати мусобиқаро соҳиб шудаанд.
Моҳи октябр метавонад анҷоми марҳалаҳои асосии интихобиро нишон диҳад. Дар ҳамин моҳ дастаҳои Миср, Алҷазоир, Гана, Кабо-Верде, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Қатар, Англия, Арабистони Саудӣ, Кот-д’Ивуар ва Сенегал тавонистанд роҳхати Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ро ба даст оварданд. Ин дастаҳо дар гурӯҳҳои худ бо эътимод бозӣ намуда, ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.
Моҳи сентябр низ барои таърихи футбол аҳамияти калон дошт. Дар ин давра дастаҳои Уругвай, Колумбия, Парагвай, Марокаш ва Тунис ба рӯйхати иштирокчиёни Ҷоми ҷаҳон ҳамроҳ шуданд.
Қаблан дастаҳои Ҷопон, Зеландияи Нав, Эрон, Аргентина, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун, Австралия, Эквадор ва Бразилия низ аз марҳалаи интихобӣ гузашта буданд. Аз миёни онҳо, албатта, Аргентина ва Бразилия ҳамчун дӯстдоштагони ҳамешагӣ сатҳи баланди худро бори дигар нишон доданд.
Мизбонон дастаҳои ИМА, Канада ва Мексика ба таври худкор ҳаққи ширкатро гирифтанд. Чемпионати ҷаҳон дар соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл баргузор мешавад. Аввалин бор дар таърих, он дар се кишвар сурат мегирад ва 48 даста иштирок хоҳанд кард, ки бузургтарин формати таърихи мундиалҳо ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, низоми нав имкон медиҳад, ки кишварҳои бештар худро дар саҳнаи ҷаҳонии футбол нишон диҳанд. Ҳатто онҳое, ки қаблан наметавонистанд ба марҳалаи ниҳоӣ расанд, акнун имкони ҳимояи ифтихори миллии худро доранд.
Айни ҳол диққат ба сӯи дастаҳои Аврупо ва Африқо равона шудааст, ки барои роҳхатҳои боқимонда мубориза мебаранд. Маҳз дар ҳамин бозиҳо тақдири ҷойҳои охирин муайян мегардад.
Ин сол бешубҳа саҳифаи наверо дар таърихи футбол боз мекунад. Бо формати нав, мизбонони нав ва дӯстдоштагони нав — Чемпионати ҷаҳон-2026 ваъда медиҳад, ки ба як рӯйдоди хотирмон барои тамоми ҷаҳон табдил меёбад.
