Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода бо раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода мулоқот доир намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами футбол дар вилоят, аз ҷумла футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футзал, футболи клубӣ, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3-юми феврали соли 2025, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин, насби системаи равшанидиҳии ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ва бо чамани сунъӣ иваз намудани майдони Варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон аз масъалаҳои дигари мулоқот ба ҳисоб мерафт.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар инфрасохтори варзишии вилоят, гурӯҳи корӣ мунтазам фаъолият мебарад.
Дар идомаи сафар мулоқоти Гурӯҳи кории Федератсия бо раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода сурат гирифта, дар рафти мулоқот вазъи инфрасохтори варзишӣ ва фаъолияти клубҳои шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.