LIVE

Рӯйхати бозиҳои Лигаи Миллатҳои УЕФА барои 4-уми июн

Имрӯз, 4-уми июн бозиҳои марҳилаи нимниҳоии мавсими Лигаи Миллатҳои УЕФА 2024/2025 оғоз мешавад.  
Лигаи Миллатҳои УЕФА, ҷадвали бозӣ барои 4 июн (бо вақти Душанбе):
00:00. Олмон - Португалия.
Дар шаш даври марҳилаи гурӯҳии Лигаи Миллатҳо Олмон тавонист чаҳор пирӯзӣ ва ду мусовӣ ба даст орад: дар бозиҳо бо Нидерланд (2:2, 1:0), Венгрия (5:0, 1:1) ва Босния ва Ҳерсеговина (2:1, 7:0). Мунтахаби Олмон ба даври чорякфинал баромад ва дар он тими Италияро бо ҳисоби 2:1 ва 3:3 мағлуб кард.
Мунтахаби Португалия низ дар чаҳор бозӣ пирӯз шуда, дар ду бозӣ мусовӣ анҷом дод. Онҳо бо Хорватия (2:1, 1:1), Полша (3:1, 5:1) ва Шотландия (2:1, 0:0) бозӣ карданд. Дар чорякфинал тими Португалия бар Дания бо ҳисоби 0:1 ва 5:2 пирӯз шуд.
Чемпиони феълии Лигаи Миллатҳои УЕФА тими миллии Испания мебошад.

Next Post

Комментарии 2

Гость Muhammad
Гость Muhammad от 5 июня 2025 01:44
[spoiler][/spoiler]
Abubakt
Abubakt от 5 июня 2025 01:53
Салом Ман трансляцияро тамошо мекунам

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив