LIVE

Ҳамлагари «Аталанта» Матео Ретеги беҳтарин нишонзани Серияи А гардид

Ҳамлагари «Аталанта» Матео Ретеги беҳтарин нишонзани чемпионати Италия дар мавсими 2024/2025 гардид. Ҳамлагари тими миллии Италия дар 36 бозии Серия А 25 гол задааст.
Мойзе Кин аз тими «Фиорентина» дар сабқати нишонзанҳо бо 19 гол дар 32 болӣ дар зинаи дуюм аст. Бозигари дигари «Аталанта» Адемола Лукман ба задани 15 гол дар ҷои сеюм қарор гирифт. Футболбози нигериягӣ дар 31 бозӣ ширкат кардааст.
Матео Ретегии 26-сола моҳи августи соли 2024 аз “Ҷеноа” ба “Аталанта” пайваста буд. Бошгоҳи Бергамо дар мавсими ҷорӣ чемпионатро бо ишғоли зинаи сеюм ҷамъбаст намуд. «Аталанта» аз 38 бозӣ 74 хол гирифт.

Next Post

Комментарии 1

Убайдулло
Убайдулло от 28 мая 2025 16:14
  1. Jfjfjfjfjfj

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив