Қабл аз вохӯрии дӯстона бо тими миллии Беларус дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Олег Баклов дар бораи омодагии даста ба бозии дарпешистода сухан гуфт. Ин дидор рӯзи 20 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Олег БАКЛОВ, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон:
– Рақобат бо Беларус аввалин бозии хонагии мо дар мавсими имсола аст. Бар зидди рақиби хуб ва қавӣ бозӣ хоҳем кард. Аксар бозигарони тими миллии Беларусро мешиносам. Таҳлили видеоии рақибро тамошо кардем. Ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нест, бояд бо чунин дастаҳо бозӣ кард. Ҳамаи бозингарони мо танҳо барои натиҷаи мусбат талош хоҳанд кард. Мо ба дастгирии мухлисон умед дорем. Боварӣ дорам, ки мухлисон ба варзишгоҳ омада, моро дастгирӣ мекунанд.