LIVE

Голи Головин аз ҷониби УЕФА баҳои баланд гирифт

Голи нимҳимоятгари мунтахаби Россия оид ба футбол Александр Головин ба дарвозаи мунтахаби Шотландия дар даври 7-уми марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо-2020 тибқи натиҷагирии бозиҳои рӯзи панҷшанбе” ҳолати рӯз”  эълон шудааст.
 Ёдрас мешавем,ки мунтахаби Россия дар бозии мазкур шотландиҳоро бо натиҷаи бузурги 4:0 дучори шикаст намуда, Александр Головин бошад дар дақиқаи 84-ум ба задани гол даст ёфт.
Дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо-2020 Александр Головин шаш бозӣ гузаронида,як гол задаву чор партофти головар ирсоли ҳамдастаҳо намудааст. 
 Мунтахаби футболи Россия бошад айни замон дар ҷадвали  мусобиқоти гурӯҳӣ I бо 18 хол мақомдори зинаи дувум буда, сиссилаи бозиҳои ғалабаовараш шаш бозиро ташкил медиҳад. Аз дастаи садрнишини ҷадвал ё худ мунтахаби Белгия зердастони Станислав Черчесов се хол камӣ доранд.
Дар даври навбатӣ бошад мунтахаби Россия санаи 13-уми октябр  дар сафар бо   Кипр бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив