LIVE

Доварбонуи тоҷик бори аввал дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё кор мекунад

Зуҳал Хуҷаназарова, корманди раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин бор дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 кор мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Доварбонуи тоҷик Зуҳал Хуҷаназарова нозири VAR дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар мавсими 2024/25 байни дастаҳои «Ал Садд» (Қатар) ва «Ал Васл» (АМА), ки 10 –уми март дар Давҳа баргузор мешавад, таъйин шуд.

Ин вохӯриро ҳайати доварон аз Австралия таҳти роҳбарии Алиризо Фағонӣ ҳакамӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив