LIVE

Мусовии “Регар-ТадАЗ” бо “Иртиш”-и Қазоқистон дар Тошканд

Дастаи “Регар-ТадАЗ" бозии чаҳоруми санҷиширо дар рафти ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар шаҳри Тошканд бо дастаи " Иртиш "-и Қазоқистон бозӣ кард.

23-юми феврал, дар идомаи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ футболбозони шаҳри Турсунзода бар муқобили дастаи "Иртиш"-и Қазоқистон бозии санҷишӣ доир намуданд. Ҳисоби бозӣ 1 бар 1 мусовӣ хотима ёфт. Голи ягонаро Самандар Қодиров дар дақиқаи 30-юм ба ҳадаф расонд.

“Металлургчиён” дар аввалин бозии санҷишӣ аз “Динамо”-и Самарқанд бо ҳисоби 4 бар 0 мағлуб шуда, дар бозии дуюм бар дастаи "Машъал" бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда, дар бозии сеюм аз “Шӯртан”-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуда буданд.

Қобили зикр аст, ки аз 8-ум то 28-уми феврал дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ доир мекунад.

Бозиҳои охири тими шаҳри Турсунзода рӯзи 27-уми феврал бо дастаи “Сурхон”-и Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив