LIVE

Дар Инстаграми кишварҳои аврупоӣ кадом дастаҳо муваффақтаринанд?

«Спартак» дар миёни тимҳои пештози русӣ   аз рӯи ҳамоҳангсозӣ дар сафҳаи инстаграм пештоз аст.  «Зенит»-и Петербург бошад  бо ҷамъбасти соли сипаришуда аз шуҳратмандтарин тимҳои футболии рус дар   Инстаграм  шинохта шудааст, хабар медиҳад Deportes & Finanzas.

Дар маҷмуъ дар давоми соли тақвимии 2020   «Зенит»  17,4 млн ҳаводор вақти ҳамоҳангсозӣ бо сафҳаи бошгоҳӣ сарҷамъ намуда, «Спартак» бо  12,4 млн пайвандони хеш дар мавқеи дуюм аст.   ССКА бошад   бо омори  интернетии  11,5 млн буда сеюмин  буда, «Локомотив»  бо 6,97 млн бинанда чоурмин мавқеъ ба худ касб кардааст. Вориди панҷгонаи беҳтаринҳои футболӣ дар Россия ҳамчунин «Краснодар» ҳам шомил шудааст,ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет дар масири дувоздаҳ моҳи соли 2020  5,54 млн ҷамъ кардааст. 



«Зенит»-и Петербург ҳамчунин шуҳратмандтарин тими варзишии Россия дар шабакаи интернетии   YouTube аз рӯи ҷамъбасти соли сипаришуда гардида, дар маҷмуъ дар соли 2020  «Зенит»  15,4 млн лайк, дизлайк, шарҳ ва ё худ коммент ва тамошобинонро соҳиб шудааст. Дар мавқеи дуюм бошад   «Спартак»-и футболӣ бо   8,79 млн бинанда қарор дошта,    ФК ССКА  бо ҳисоби    7,95 млн тамошобин  дар мавқеи саввум, бошгоҳи «Рубин»-и Қазон  бо омори маҷмуъии   2,79 млн чорумин аст. Дар панҷгонаи беҳтаринҳои интернетии калонтарин кишвари дунёӣ ҳамчунин    бошгоҳи  хоккейи «Авангард» ҳам шомил аст,ки дар соли 2020  2,47 млн ҳаводор ҷамъ овардааст.

Дар кишвари Нидерландҳо бошад дар саҳифаҳои  шабакаи интернетии Ютуб “Аякс”-и Амстердам ба куллагӣ 38,2 миллион ҳаводор ҷамъ оварда, дастаи “Фейенорд”-и Роттердам танҳо 7,68 бинанда сарҷамъ намудаву  мақомдори зинаи дувум аст. Тимҳои дигари нидерландӣ бошанд бинадагони бамаротиб камтареро дар саҳифаҳои интернетӣ соҳиб шудаанд.







Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив