LIVE

"Челси" Аксел Дисасиро ба "Астон Вилла" ба иҷора равон кард

Бошгоҳи "Астон Вилла" аз "Челси" ҳимоягар Аксел Дисасиро ба иҷора гирифт.
Гуфта мешавад, ки футболбози фаронсавӣ то охири мавсим ба сафи “вилланҳо” пайваст.
Мавсими ҷорӣ Дисаси 17 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, ду гол ва ду ассист дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи футболбоз бо тими лондонӣ бошад  то соли 2029 амал мекунад.
«Астон Вилла» айни замон бо 37 имтиёз дар зина ҳаштуми ҷадвали чемпионати Англия  қарор дошта, дар даври навбатии ПЛА бо «Ипсвич Таун» рӯзи 15-уми феврал вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив