Ҳуҷумкунандаи «Бавария» Матис Тел фаъолияти варзишии худро дар тими лондонии «Тоттенҳэм» идома медиҳад. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳи "Тоттенхэм" иттилоъ медиҳад.
Бозигар тариқи иҷора то охири мавсими ҷорӣ дар Англия баромад мекунад. Ба гуфтаи рӯзноманигор Фабрисио Романо "Тоттенхэм" имкони харидории ин бозигарро ба маблағи 60 миллион евро дорад.
Мавсими ҷорӣ Тел 14 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо гузаронида, як партофти головар дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи футболбоз бо мюнхениҳо то соли 2029 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Тел 30 миллион евро аст.