Бозии даври 7-уми сабқати Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи Ғарб, ки дар он дастаҳои «Ал-Наср» ва «Ал-Васл» вохӯрданд, ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк” (Арабистони Саудӣ) баргузор шуда, «Ан-Наср» бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.
Лигаи қаҳрамонҳои элитаи AFC элитаи. Минтақаи Ғарб. Даври 7-ум
03 феврали соли 2025, Душанбе. 23:00 бо вақти Душанбе
“Ал Наср” (Риёз, Арабистони Саудӣ) 4:0 “Ал Васл” (Дубай, АМА)
1:0 Ал Ҳасан – 25' 2:0 Роналду – 44' 3:0 Роналду – 78' 4:0 Ал Фатил – 88'
Ҳисоби ин бозӣ дар дақиқаи 25-ум бо голи нимҳимоятгари дастаи “Ал-Наср” Алӣ Ал-Ҳасан боз шуд. Дар дақиқаи 44-ум Криштиану Роналду аз зарбаи ҷаримаи 11-метрӣ бартарии ҳисобии мизбононро дучанд кард. Дар дақиқаи 78-ум бошад Роналду голи дуюмашро ба самар расонд. Дар дақиқаи 88-ум Муҳаммад Ал-Фатил ҳисоби ниҳоии бозиро гузошт - 4:0.
Криштиану Роналду бо задани ду гол дар ин вохӯрӣ шумораи голҳояшро дар тамоми фаъолияти варзишии худ ба 923 адад расонид.
«Ан-Наср» аз 7 бозӣ дар гурӯҳи элитаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб 16 имтиёз ба даст оварда, дар ҷои севум қарор дорад. «Ал-Васл» бошад бо 11 имтиёз аз ҳамин қадар бозиҳо дар ҷои панҷум аст.