LIVE

«Астон Вилла» оиди иҷораи Маркус Рэшфорд аз «МЮ» эълон кард

Бошгоҳи «Астон Вилла» оиди иҷораи бозигари 27-солаи «Манчестер Юнайтед» Маркус Рэшфорд расман эъло намуд.  Шартномаи иҷораи футболбоз бо “вилланҳо” то охири мавсим амал мекунад.
Мавсими ҷорӣ Рэшфорд 24 бозӣ гузаронида, 7 гол  ва 3 ирсоли голӣ дар номаш дорад.
Шартномаи футболбоз бо «Манчестер Юнайтед» то тобистони соли 2028 баста шудааст. Тибқи маълумоти Transfermarkt  арзиши бозории ҳамлагар айни ҳол 55 миллион евроро ташкил медиҳад.
«Астон Вилла» бо 37 имтиёз дар зинаи ҳаштуми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад. Даста  бозии навбатии худро дар Ҷоми Англия бо «Тоттенхэм» доир мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив