LIVE

"Галатасарой" Алваро Моратаро аз "Милан" ба иҷора гирифт

Бошгоҳи туркии «Галатасарой» ҳамлавари «Милан» ва тими миллии  Испания Алваро Моратаро ба иҷора гирифт. Дар ин бора хадамоти матбуотии дастаи туркӣ хабар медиҳад.
Алваро Мората то мӯҳлати 20 январи соли 2026 ба иҷора дода шуд ва имкон дорад, ки мӯлати иҷора  то охири соли 2026 тамдид карда шавад. Инчунин имкони харидории шартномаи меҳнатии ҳамлагар бо дархости бошгоҳ аз шаҳри Истамбул низ вуҷуд дорад.
Мората мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Милан”   25 бозӣ анҷом дода, 6 гол ва 2 партофти головар дар номаш дорад.   Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози 32-сола 13 миллион евро аст.
«Галатасарой» бошад бо 54 имтиёз дар садри ҷадвали чемпионати Туркия қарор дошта, шогирдони Окан Бурук дар даври баъдӣ бо “Газиантеп” бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив