Сармураббии "Манчестер Сити" Хосеп Гвардиола оиди бохти дастааш дар даври 24-уми ПЛА аз "Арсенал" бо ҳисоби 1:5 андешаашро баён кард.
Англия - Премер-лига. Даври 24-ум
02 феврали соли 2025, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“Арсенал” (Лондон) 5:1 “Манчестер Сити” (Манчестер)
1:0 Одегаард – 2' 1:1 Ҳоланд – 55' 2:1 Парти – 56’ 3:1 Люис-Скелли – 62’ Хаверс - 4:1 76‘ Нванери - 5:1 90+3'
"Ман танҳо аз 25 дақиқаи охири бозӣ афсӯс мехӯрам. Мо анҷом додани кореро, ки дар давоми 65—70 дақиқа бояд иҷро мекардем, фаромӯш кардем. Албатта, бо ин даста дар он варзишгоҳ бозӣ душвор аст. Чунин ҳолат ин мавсим дар дақиқаҳои аввал борҳо рӯй медод. Аммо пас аз 10-15 дақиқа, фикр мекунам, ки мо дар бозӣ назоратро ба даст гирифтем ва хеле ва хеле хуб бозӣ ҳам бозӣ кардем. Пас аз ҳисоби 1:1 ҳам дар бозӣ будем имконияти хубе низ доштем, ки аз даст додем.
Аз 15-20 дақиқаи охир афсӯс мехӯрам, вагарна ин барои дастаи мо воқеан бозии хуб буд. Вақте, ки чунин натиҷаро мебинед, фаҳмидан душвор аст, аммо ин эҳсоси ман аст.
Чунин ҳолат дар давоми мавсим зиёд рӯх медиҳад ва имкониятҳои зиёдеро ба ҳариф созмон медиҳем, ин чизест, ки набояд рух диҳад, вале муттаассифона чунин рух дод», - иқтибос меорад аз суханони Гвардиола сомонаи расмии бошгоҳӣ.