LIVE

«Манчестер Сити» аз «Айнтрахт»-и Франкфурт ҳамлавари нав харид

Бошгоҳи англисии «Манчестер Сити» ба таври расмӣ оиди харидории ҳамлавари  мисрии «Айнтрахт Франкфурт» Умар Мармуш эълон намуд.
Бошгоҳи «Манчестер Сити» аз тими олмонии «Айнтрахт» ҳамлавари мисрӣ Умар Мармушро шомили тим кард. Ҳамлагари 25-солаи мисрӣ   бо қарордоди чаҳорунимсола ба варзишгоҳи “Иттиҳод”  омад ва ин маънои онро дорад, ки бозигари мисрӣ то тобистони соли 2029 дар дастаи манчестерӣ боқӣ мемонад.
Мармуш яке аз серталабгортарин ҳамлагарони ҷавон дар футболи Аврупо аст, ки қодир аст дар ҳар ду паҳлӯи хати ҳамла бозӣ кунад”, -   гуфта мешавад дар изҳороти бошгоҳӣ.
Мавсими ҷорӣ дар чемпионати Олмон Умар Мармуши 25-сола 17 бозӣ анҷом дода, 15 гол ва 9 партофти головар дар номаш дорад. Ӯ инчунин дар Лигаи Аврупо шаш бозӣ, 4 гол ва ду ассист дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив