LIVE

Швайнштайгер тарки футбол кард

Нимҳимоятгари тими миллии Олмон ва бошгоҳи футболи “Чикаго Файр” Бастиан Швайнштайгер ба корномаи касбии хеш нуқта гузошт. «Мухлисони гиромӣ, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ман корномаи варзишиамро ба анҷом расонам. Аз дастаҳое, ки ман дар онҳо бозӣ кардам, бениҳоят миннатдорам. Ман дар бошгоҳҳои “Бавария”, “Манчестер Юнайтед” ва “Чикаго Файр” бозӣ кардаам. Ман ҳамеша футболро дӯст хоҳам дошт» - Швайнштайгер дар Инстаграмии расмии худ менависад. Ёдовар мешавем, ки Швайнштайгер 17 марти соли 2017 аз бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” ба “Чикаго Файр” гузариш намуда буд. Инчунин ӯ бо тими миллии Олмон Ҷоми ҷаҳон-2014-ро ба даст оварда буд.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив