Собиқ дарвозабони «ПСЖ», «Реал Мадрид» ва тими миллии Коста-Рика Кейлор Навас ба бошгоҳи «Нюэллс Олд Бойз»-и Аргентина пайваст. Сомонаи расмии “Newell's Old Boys” хабар медиҳад, ки шартномаи дарвозабони 38-сола бо дастаи наваш то тобистони соли 2026 мӯҳлат дорад.
Ёдовар мешавем, ки охирин дастаи Кейлор Навас “ПСЖ” буд, ки ба онҷо ӯ соли 2019 аз “Реал Мадрид” гузариш анҷом дода буд. Дар ин муддат у дар 115 вохурӣдар хамаи мусобиқаҳо иштирок карда, дар 52-бозӣ ба дарвозааш гол сар надодааст. Навас пас аз омадани дарвозабон Ҷанлуиҷи Доннарумма тобистони соли 2021 ҷои худро дар ҳайати асосии бошгоҳи парижӣ аз даст дод. Ӯ баъдтар бо ба поён расидани мӯҳлати шартномааш тими шаҳри Парижро тарк карда буд.