Сармураббии «Боруссия»-и Дортмунд Нурӣ Шоҳинро ба истеъфо равон намуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии «занбӯрҳо» бо нашри изҳороте дар сомонаи расмии бошгоҳӣ хабар дод.
«Мутаассифона, дар замони нашри ин изҳорот мо натавонистем орзуҳои варзишии «Боруссия Дортмунд»-ро дар ин мавсим амалӣ созем. "Ман ба ин бошгоҳ ҳама беҳтаринҳоро орзумандам"- иқтибос меорад хадамоти матбуотии “занбӯрҳо” аз суханони Шоҳин.
То имрӯз "занбӯрҳо" бо касби 25 имтиёз дар зинаи 10-уми ҷадвали Бундеслига қарор доранд. Шоҳин тобистони соли гузашта вазифаи сармураббигии тими “Боруссия Дортмунд”-ро ба ӯҳда гирифт. Нурӣ ба ҷои Эдин Терзич, ки қаблан ёвари ӯ дар даста буд, сармураббӣ таъин шуда буд.