LIVE

Омодагиҳои мунтахаби бонувони футзали Тоҷикистон ба чемпионати CAFA-2025

Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон омодагиҳоро ба мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 9 то 16 феврал дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард.
Сармураббии нави тими занонаи футзали Тоҷикистон Баҳром Ёрматов ба ҷамъомади тамринӣ, ки як ҳафта идома мекунад, 22 нафар – 3 дарвозабон ва 19 бозигарро даъват кардааст. Ба рӯйхати ниҳоии даста ҷиҳати ширкат дар чемпионати CAFA-2025 14 бозигар шомил карда мешавад. 
Дар чемпионати CAFA-2025 оид ба футзал байни занон дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив