LIVE

Тоҳир Мӯъминов - сармураббии нави “Регар-ТадАЗ”

Сармураббии нави дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода мутахассиси маъруфи футболи тоҷик – Тоҳир Мӯъминов таъйин гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии тими шаҳри Турсунзода хабар додааст.
Қарордоди ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо барои як сол имзо гардида, дар сурати иҷро гардидани ҳадафҳо он ба таври худкор боз тамдид карда мешавад.
“Хуш омадед, ба дастаи мо Тоҳир Мӯъминов! Ба Шумо ва дастаи “Регар-ТадАЗ” дар мавсими 2025 барору комёбӣ ва пирӯзиҳои доимӣ орзумандем! ”- омадааст, дар саҳифаи расмии дастаи “Регар-ТадАЗ”.
Ёдовар мешавем, ки дар вазифаи сармураббигии дастаи “Регар-ТадАЗ” Мӯъминов мураббии шинохтаи тоҷик Зайниддин Раҳимовро иваз кард.
Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар соли сипаригардида, зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 гардида соҳиби роҳхат ба мусобиқаи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив